Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи Шавкат Мирзиёев ба Оқил Оқилов


Сарвазири Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар номае ба ҳамтои тоҷикаш Оқил Оқилов дар бораи пайомадҳои манфии ҳамчунон нодида гирифтани дидгоҳи Тошканд ба тарҳи эҳдоси нирӯгоҳи Роғун ҳушдор дода, хостори ҷалби ҷомиаи байналмилалӣ ба ҳалли ин баҳс шудааст.
Шавкат Мирзиёев гуфтааст, нирӯгоҳи Роғунро мехоҳанд бар пояи тарҳҳои 40 соли пеш таҳияшуда бисозанд, ки аз лиҳози фаннӣ кӯҳна шудааст. Сарвазири Узбакистон афзудааст, дар сурати боз ҳам ба эътибор нагирифтани дидгоҳи Тошканд, ҷониби Узбакистон маҷбур мешавад, ба хотири ҷилавгирӣ аз “пайомадҳои фалокатбори иҷрои ин тарҳ” ба ҷомиаи байналмилалӣ ва созмонҳои ҳифзи муҳити зист муроҷиат кунад.
Посухи расмии Душанбе ба ин нома ҳанӯз эълон нашудааст, вале як намояндаи Пажӯҳишгоҳи оби вазорати обу обёрии Тоҷикистон даъвоҳои омада дар номаи Шавкат Мирзиёевро холӣ аз асосҳои илмӣ номидааст.
XS
SM
MD
LG