Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи парвандаи узви ҲИУ оғоз ёфтааст


Мақомоти вилояти Суғд ба таҳқиқи парвандаи Идрис Сатторов шурӯъ кардаанд. Ин сокини 39-солаи ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара , ки аз аъзои фаъоли Ҳаракати исломии Узбакистон дар ин минтақа дониста мешуд ва дар ҳоли фирор ба сар мебурд, ахиран дар Қазоқистон боздошт ва ба Хуҷанд мустарид шуд. Идрис Сатторов, ки аз соли 2006 ба ин сӯ таҳти пайгард қарор дошт, ҳамчунин ба узвият дар гурӯҳи тундрави “Байъат” муттаҳам мешавад. Ин гурӯҳ тайи чандин сол дар ҳудуди ноҳияи Исфара таҳти раҳбарии Ҳодӣ Фаттоев, ки феълан дар маҳбас қарор дорад, фаъолият мекард.
XS
SM
MD
LG