Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишораҳо ба вазъи ҳуқуқи башар дар Қазоқистон


Раиси даврии САҲА, вазири умури хориҷии Қазоқистон, Қатон Савдобоев.
Раиси даврии САҲА, вазири умури хориҷии Қазоқистон, Қатон Савдобоев.

Кумиссиюни Ҳелсинкӣ, шохаи амрикоии Созмони амният ва ҳамкоррии Аврупо (САҲА), аз раёсати Қазоқистон дар ин созмон истиқбол кард, вале беҳбуди вазъи ҳуқуқи башарро дар ин кишвар шарти фаъолияти пурсамари он дар мақоми нав номид.

Қазоқистон аз 1 январ барои як сол ба курсии раҳбарии давраии САҲА нишаст. Қазоқистон нахустин кишвари шӯравии собиқ ва нахустин намояндаи Осиёи Марказист, ки ба чунин шараф ноил шудааст.
Дар робита ба баҳси масоили ҳуқуқи башар, мо мехоҳем корро аз арзишҳои бунёдии инсонӣ, ки бар гуногунрангии фарҳангиву инсонии ҷаҳони муосир асос ёфтааст, оғоз кунем...

Вале ҳанӯз хеле қабл аз расиданаш ба курсии раҳбари давраии САҲА, Остона ба маҳзи вазъи бади ҳуқуқи башар вирди забонҳо буд ва акнун ба хусус дар Ғарб умедворанд, ки масъулияти раисии чунин созмони бонуфуз Қазоқистонро ба ислоҳи вазъи ҳуқуқи башар водор хоҳад кард.

Яке аз раҳбарони Кумиссиюни Ҳелсинкӣ сенатор Элсӣ Ҳастингс дар Вошигтон дар ҷараёни муҳокимаи масъалаи раёсати Қазоқистон гуфт, ки ӯ ҳанӯз соли 2007-ум дар нишасти вузарои САҲА дар Мадрид пуштибонии Амрико аз номзадии Қазоқистон ба раёсати давраии ин созмонро изҳор карда, вале ҳамзамон ба вазири умури хориҷии он кишвар Қанот Савдобоев гуфта буд, ки ин пуштибонӣ бар пояи тазминҳои дар ин нишаст супурдашуда, аз ҷумла бар пояи ваъдаҳои вижаи ислоҳотест, ки аз номи давлати Қазоқистон садо дод.

Ҳастингс гуфт: “Ман бовар дорам, ки ин тааҳҳудот иҷро хоҳанд шуд ва ман интизор дорам, ҷаноби вазир, ки давлати шумо иқдомот ҷиҳати амалӣ кардани ваъдаҳои дар Мадрид супурдаашро дар чаҳорчӯби ӯҳдадориҳои дар назди САҲА доштаи худ пайгирона идома хоҳад дод.”

САҲА созмони амниятии минтақавиест, ки 56 кишварро дар заминаи масоили фарогире, сар карда аз ислоҳоти демокративу матбуоти озод ва рафта то ба интихоботи одилонаву ҳуқуқи ақалиятҳо, муттаҳид мекунад.

Қазоқистон, ин кишвари саршор аз манобеъи нафти Осиёи Марказӣ, ки дар пешорӯи нишастанаш ба раисиии САҲА ҷиҳати анҷоми ислоҳоти бештари демократӣ тааҳҳудоте супурдааст, акнун дар меҳвари таваҷҷӯҳи Ғарб қарор дорад, ки оё то куҷо ба ин ваъдаҳои худ амал хоҳад кард.

Ин кишвар аз соли 2001 ба ин сӯ як шарики калидии амниятиии Амрико маҳсуб мешавад, вале то ҳол дар Қазоқистон боре ҳам интихоботе сурат нагирифта, ки нозирони ғарбӣ озоду одилонааш баҳо диҳанд. Зимоми қудрат дар ин кишвари нафтхез инак 21 сол боз дар дасти раисиҷуммҳур Нурсултон Назарбоев аст, ки мухолифини худро зиёд рӯи хуш намедиҳад,

Ба додгоҳ кашонидану бастани рӯзномаҳои мухолиф дар Қазоқистон як амали маъмулӣ шудааст. Ва дуруст дар рӯзе, ки Кумиссиюни Ҳелсинкӣ дар Вошингтон мавзӯъи раёсати Қазоқистонро муҳокима мекард, мақомоти ин кишвар ба дунболи нашри матолиби интиқодӣ дар бораи Темур Қулибоев, домоди дуввуми Назарбоев шумораи охирини дастикам 5 нашрияи мустақил ва мухолифро мусодира карданд.

Қазоқистон нахустин кишварест, ки бо вуҷуди дар раддабандии созмони “Freedom House” дар радифи кишварҳои ноозод омаданаш ба раҳбарии САҲА нишаст. Раҳбари дигари Кумиссиюни Ҳелсинкӣ сенатор Бен Гардин ангушти таъкидашро рӯи ҳамин нукта кард ва қонуни маҳдудкунандаи матбуот, собиқаи манфии интихоботҳо ва қазияи зиндонӣ кардани вакили мудофеъ Евгений Жовтисро аз чолишҳои ҷиддии истода дар рӯбарӯи давлати Қазоқистон номид.

Жовтис, фаъоли ҳуқуқи башар ва аз мунаққидони шинохтаи давлат, бо ҷурми даст доштан дар садамаи нақлиёте, ки мунҷар ба ҳалокати як нафар шуд, ба 4 соли зиндон маҳкум шуд ва феълан дар маҳбас ба сар мебарад. Аммо гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар парвандаи ӯро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ мехонанд.

Элсӣ Ҳастингс изҳори умедворӣ кард, ки Додгоҳи олии Қазоқистон ба қазияи Жовтис мунсифона расидагӣ хоҳад кард. “Ман медонам, ки ӯ аз Додгоҳи олии Қазоқистон хостааст, ки дар ҳукмаш таҷдиди назар кунад. Ва ман мутмаинам, ки ин мавзӯъ ба таври муносиб пеш бурда хоҳад шуд.”

Вазири умури хориҷии Қазоқистон Қанот Савдобоев дар суханрониаш дар иҷлоси Кумиссиюни Ҳелскинӣ ишорае ба парвандаи Жовтис накард, вале гуфт, кишвараш дар солҳои наздик рӯи масоиле, чун мубориза бо сӯъи таҳаммул, қочоқи инсон, бахусус қочоқи атфол, беҳбуди амнияти марзҳо ва ҳалли мушкили баҳри Арал тамаркуз хоҳад кард.

Савдобоев афзуд, ки Остона ҷиҳати пешбурди гуфтугӯи миёни динҳову фарҳангҳо ва тамаддунҳо ва мубориза алайҳи сӯъитаҳаммул ва кинаву адовати қавмиву нажодӣ ва мазҳабӣ дар миёни кишварҳои САҲА талош хоҳад варзид.

Қанот Савдобоев гуфт, Қазоқистон ба арзишҳои бунёдие, чун озодии мазҳаб, озодии матубот, ҳукми қонун ва таҳкими мустақилияти низоми адлия аҳамияти вижаеро қоил хоҳад шуд.

Ва аммо дар бастагӣ ба вазъи бади ҳамин масоил дар худи Қазоқистон, Савдобоев гуфт, ки онҳо иҷрои ин барномаҳои бузургро мехоҳанд мустақиман аз худи Қазоқистон шурӯъ кунанд: “Дар робита ба баҳси масоили ҳуқуқи башар, мо мехоҳем корро аз арзишҳои бунёдии инсонӣ, ки бар гуногунрангии фарҳангиву инсонии ҷаҳони муосир асос ёфтааст, оғоз кунем.”

Қанот Савдобоев гуфт, Қазоқистон дар симати раиси давраии САҲА нахустин намоянда аз кишварҳои дар гузашта он сӯи Девори Оҳанин аст. Деворе, ки тайи даҳсолаҳои ҷанги сард ҷаҳонро ба ду сангари оштинопазир таҷзия карда буд.

Ба эътиқоди вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, акнун ин бори гарони масъулият, яъне рафъи бӯҳрони эътимрод ҳамчун мероси даврони ҷанги сард, бар дӯши Қазоқистон меафтад ва аз комёбии Остона дар раёсати давраии САҲА бар хоҳад омад, ки оё он даврони ихтилофҳо то куҷо сар омадааст.
XS
SM
MD
LG