Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо Расул Боқиев қарордод баста шуд


Имрӯз, 3-юми феврал, дар шаҳри Душанбе қарордоди ҳамкории Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) бо Расул Боқиев, варзишгари маъруфи тоҷик, баста шуд.

Бар асоси ин қарордод, ки аз ҷониби ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматов, мудири тиҷоратии КВД «Ширкати алюминии тоҷик» Шералӣ Кабиров ва Расул Боқиев, узви дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон, ба тасвиб расид, КМО ва ТАЛКО барои омодагӣ ва ширкати варзишгари тоҷик ва мураббиаш Владимир Елчанинов дар мусобиқоти мухталифи байнулмилалӣ, аз ҷумла Бозиҳои осиёии соли 2010 дар шаҳри Гуанжоуи Чин ва Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон ҳамаҷониба кӯмак хоҳанд кард.

Ширинҷон Мамадсафоев, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар робита ба ин мавзӯъ 3-юми феврал, соати 16 дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи КМО нишасти матбуотӣ доир хоҳад шуд.

Гузориши хабарнигори мо пас аз анҷоми ин нишаст ба таваҷҷӯҳи хонандагони сомонаи интернетии Радиои Озодӣ пешкаш мешавад.
XS
SM
MD
LG