Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико омодаи посух ба суоли Эрон аст


Вазорати умури хориҷаи Амрико гуфтааст, аз пешниҳоди Эрон истиқбол мекунад, агар Эрон омода аст, ки се нафар сайёҳони амрикоиро аз зиндон раҳо кунад. Ин се нафар ҳангоми сайёҳат ба иттиҳоми ҷосусӣ боздошт шуданд. Филип Кровлӣ-сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико ин суханонро баъд аз изҳороти Маҳмуди Аҳмадинежод ба забон овард. Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон пешниҳод кардааст, ки зиндониёни Эрон бо зиндониёни Амрико додугирифт шаванд. Эрон се сайёҳи амрикоиро дар зиндонҳои худ нигаҳдорӣ мекунад. Аҳмадинежод дар мусоҳибае аз телевизиони давлатии худ изҳор дошт, ки гуфтугӯҳо дар бораи имкони табодули се сайёҳи амрикоӣ бо чанд эронӣ, ки солҳост дар Амрико зиндонӣ ҳастанд, идома дорад. Майк Ҳаммер-сухангӯи Шӯрои Амнияти Миллии давлати Обама дар посух гуфт, агар Эрон дар бораи эрониёне, ки дар зиндони Амрико нигаҳдорӣ мешаванд, суоле дошта бошад, Амрико барои посух додан ба ин суол омода аст.
XS
SM
MD
LG