Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотили 13 сол маҳкум ба зиндон шуд


Додгоҳи вилоятии Новосибирск ҳукми худро барои 5 ҷавони сартарошидаи рус, ки дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон Абдулатиф Турсунов даст доранд, эълон кард. 2 нафари онҳо хонандагони мактаб будаанд. Алексей Носков, ки мулаққаб ба "барс" ва сабабгори задухурд будааст, 13 сол маҳкум ба зиндон шуд. Ин 5 нафар соли 2008 дар хиёбоне бо корд ба шаҳрванди Тоҷикистон ҳамла кардаанд. Носков аввалин шахсе будааст, ки ба Турсунов корд задааст. Турсунов дар маҷмӯъ аз захми 29 корд дар маҳали ҳодиса ҷон додааст. Чаҳор нафари дигар аз ҷинояткорон аз 7 моҳ то як сол шартан аз озодӣ маҳрум шудаанд.
XS
SM
MD
LG