Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони қазоқ барои нома боздошт шуданд


Дирӯз пулиси Қазоқистон 11 нафар фаъолони ҳизби оппозитсионии Олғаро боздошт кард. Мухолифон талош доштанд, ба ҳар яке аз 160 намояндаи маҷлис ё порламон нома бифиристанд. Ин номаро Владимир Казлов-раиси ҳизби Олға навишта буд. Вай аз намояндагони порламон дархост мекард, ки ба изҳороти соҳибкор Мухтор Аблиёзов вокуниш нишон диҳанд. Аблиёзов дар изҳороти худ барои ришвахорӣ дар як задубанди энержӣ бо ширкати чиноӣ Темур Кулибоев-домоди раиси ҷумҳурро муттаҳам мекард. Мухолифон барои ин номаашон ба бахши пулис дар ноҳияи Эсили Остона интиқол дода шуданд. Аблиёзов соли 2009 Қазоқистонро тарк кард ва ба Лондон рафт. Ҳукумати Қазоқистон вайро барои тахаллуфоти молӣ ганаҳгор медонад.
XS
SM
MD
LG