Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон хостори табодули зиндониёни Эрону Амрико шуд


Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон пешниҳод кардааст, ки зиндониёни Эрон бо зиндониёни Амрико додугирифт шаванд. Эрон се сайёҳи амрикоиро дар зиндонҳои худ нигаҳдорӣ мекунад. Аҳмадинежод дар мусоҳиба аз телевизиони давлатии худ изҳор дошт, ки гуфтугӯҳо дар бораи имкони табодули се сайёҳи амрикоӣ бо чанд эронӣ, ки солҳост дар Амрико зиндонӣ ҳастанд, идома дорад. Аҳмадинежод дар бораи мушаххасот чизе нагуфт, аммо моҳи декабр Эрон феҳристеро чоп кард, ки дар он номи 11 эронӣ оварда шуда буд. Онҳо дар зиндони Амрико ба сар мебаранд. Дар ин феҳрист, аз ҷумла як донишманди ҳастаии Эрон низ ҳаст , ки дар Арабистони Саудӣ бедарак шуда буд. 3 сайёҳи амрикоӣ, ки дар Эрон нигаҳдорӣ мешаванд, моҳи июни соли гузашта аз Курдистони Ироқ ҳангоми сайёҳат надониста ба қаламрави Эрон гузаштанд. Эрон мегӯяд, онҳоро муҳокима мекунад, вале рӯзи мурофиаро эълон накардааст.
XS
SM
MD
LG