Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз Карзай бо малик Абдулло мулоқот мекунад


Қарор аст имрӯз Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон бо Абдуллоҳ-шоҳи Арабистони Саудӣ мулоқот кунад. Ҳомид Карзай дирӯз вориди Арабистони Саудӣ шуд, то аз барномаҳои оштиҷӯёнаи худ бо Толибони ислоҳотталаб ҳимоят кунад. Карзай муддатҳо қабл аз Арабистони Саудӣ хоста буд, ки бо истифода аз нуфузи худ Толибонро ташвиқ кунад, то аслиҳаи худро ба замин гузоранд. Ҳафтаи гузашта барномаҳои сулҳи Карзай дар конфронси байналмиллалии Лондон мавриди пуштибонии маҳофили байналмиллалӣ қарор гирифт. Арабистони Саудӣ, Покистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб се кишваре буданд, ки ҳукумати Толибонро дар солҳои 1996-2001 ба расмият шинохтанд.
XS
SM
MD
LG