Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди "Табибони бидуни марз" аз вазъи муҳоҷирон


Созмони “Табибони бидуни марз” мақомоти Италияро барои шароити номусоид дар марказҳои таҷаммуъи муҳоҷирони ғайриқонунӣ интиқод кард. Дар гузориши созмон гуфта шудааст, ки ин марокиз аз оддитарин шароити зист ориянд ва бештар ба маҳбасҳо шабоҳат доранд.
Намояндагони созмони “Табибони бидуни марз” гузоришро баъди боздиди беш аз 20 маркази таҷаммӯъи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Италия таҳия кардаанд. Вазорати умури дохилаи Италия то ҳол ин гузоришро ташреҳ накардааст.
Ҳазорон шаҳрвандони Африқо ва кишварҳои Осиёву Ховари Миёна талош мекунанд, ки тавассути баҳри Миёназамин вориди Аврупо шаванд. Бештари онҳо дар соҳилҳои Италия боздошт ва ба марказҳои таҷаммӯъи муҳоҷирони ғайриқонунӣ интиқол дода мешаванд.
XS
SM
MD
LG