Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 11 тан аз фаъолони мухолифин дар Остона


Кормандони полиси Қазоқистон имрӯз дар Остона 11 тан аз фаъолони ҳизби мухолифи “Олға” (“Ба пеш”)-ро боздошт карданд. Фаъолони мухолифин мехостанд ба вакилони палатаи поёни парлумон номаи раиси ҳизб Владимир Козловро расонанд. Дар ин нома аз вакилони Маҷлис даъват шудааст то ба изҳороти яке аз раҳбарони мухолифин Мухтор Аблязов, ки Темур Қулибоев, домоди раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоевро дар ришвату фасод айбдор кардааст, вокуниш нишон диҳанд. Мухтор Аблязов, ки айни ҳол дар хориҷи Қазоқистон ба сар мебарад, домоди Назарбоевро дар фасод зимни имзои созиш бо ширкатҳои нафту газии Чин муттаҳам мекунад.
Фаъолони мухолифин барои пурсуҷӯ ба шӯъбаи умури дохилаи яке аз ноҳияҳои Остона интиқол ёфтанд.
XS
SM
MD
LG