Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз ҳамлаҳо ба хабарнигорони қирғиз


Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Қирғизистон аз амнияти ҷомеаи журналистони ин кишвар ибрози ташвиш кардаанд.

Чулпон Чакупова, мудири маркази ҳуқуқи башари «Адолат», мақараш дар Бишкек, гуфтааст, гузоштани ҳар гуна садд дар роҳи журналистон назарияи ҳуқуқи башар дар Қирғизистонро маҳв мекунад.

Вай афзудааст, ки созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар радифи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон аз фаъолиятҳои журналистони озодандеш низ ҷиддан пуштибонӣ хоҳанд кард. Бино ба гуфтаи Чулпон Жакупова, вале дар Қирғизистон пешаи хабарнигорӣ мунтазам ба яке аз пешаҳои хатарнок табдил меёбад.

Аммо Ғиёс Молдоқосимов, сардабири нашрияи давлатии «Қирғиз туусӣ» ё «Садои қирғиз», иброз доштааст, ки намояндагони созмонҳои ҳуқуқи башар ба ҳеҷ ваҷҳ аз ҳуқуқи журналистон ҳимоят карда наметавонанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар даҳ соли ахир боре ҳам эҳсос нанамудааст, ки вакилони ин созмонҳо аз ҳуқуқи вай ва ҳамтоёни ӯ дифоъ карда бошанд. Ба таъкиди Ғиёс Молдоқосимов, давлат бояд ин вазифаро бар дӯш гирад.

Султон Хоназаров, корманди ҳафтавори «Репортёр-Бишкек», чунин мешуморад, ки ба ҳар сурат дар мавриди ҳамла болои журналистон аввалин шуда ҳомиёни ҳуқуқи башар сару садо баланд мекунанд.

Султон Хоназаров афзуд, ки вале ҷомеаи хабарнигорони кишвараш устувор нест ва ба ҳолатҳое рӯ ба рӯ шудааст, ки ҳангоми ҳамла болои ягон хабарнигор иддае аз ҳамтоёни ӯ ба ҷои пуштибонӣ аз журналист ба вай санг андохтаанд ва ин журналистро сиёҳ кардаанд.

Корманди ҳафтавори «Репортёр-Бишкек» ҳамчунин аз вазъияте, ки ҷомеаи хабарнигорони кишвараш ба он рӯбарӯ ҳастанд, ибрози ташвиш намуд.

Ба гуфтаи ӯ Молдомӯсо Конгантиев, вазири дохилаи кишвараш, зимни як изҳорот таъкид кард, ки ғайр аз куштори журналист Алишер Соҳибов ҳодисаҳои дигари марбут ба ҳамлаҳо болои журналистон ба фаъолиятҳои касбии онҳо ҳаргиз алоқаманд нест.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, баъди пахши чунин изҳороти вазири дохила аксарияти журналистоне, ки дар мавзӯъҳои доғ менавиштанд, дарк намуданд, ки агар раванди фаъолияти худро тағйир надиҳанд, амнияти онҳо ба хатар мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Марат Тоқоев, раҳбари созмони иҷтимоии «Журналист», мегӯяд, ки сол аз сол ҳодисаҳои ҳамла болои журналистон дар ин кишвар вусъат гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, қаблан ба журналистон фақат дуғу пӯписа мекарданд, вале дар ҳамин ҳол ин пӯписаҳо ба латтукӯб ва таҳдидҳои ҷиддитар табдил ёфтааст, ки бидуни иштибоҳ боиси нигаронии ҷиддист.

Ба гуфтаи Аскар Сакибоева, сардабири нашрияи «Ағим» ё «Ҷараён», чопи Бишкек, ҳар як хабарнигор зимни иҷрои вазифа пеш аз ҳама бояд амнияти худро фикр кунад.

Ин хонум мегӯяд, вале агар ҳомиёни ҳуқуқи башар ба он муваффақ шаванд, ки парлумон ба Қонун «Дар бораи васоити ахбори умум» тағйироту иловаҳо ворид намояд, дар он сурат метавон гуфт, ки ин ҳомиёни ҳуқуқ аз ҳуқуқи журналистон дифоъ мекунанд ва амнияти онҳо низ таъмин хоҳад шуд.

Аскар Сакибоева тазаккур дод, ки созмонҳои ҳуқуқи башар дар мавриди таъмини вакилони мудофеъ ба журналистон ҳамеша дасти кумак дароз мекунанд. Вай афзуд, вале ин вакилони мудофеъ бояд аз шумори ҳуқуқшиносони варзида бошанд, ки битавонанд қазияро ба фоидаи журналистон ҳал кунанд.

Ба гуфтаи коршиносони қирғиз дар кишварашон пешаи хабарнигорӣ ҳамчун пешаи хатарнок боқӣ хоҳад монд. Зимни як назархоҳӣ, ки шабакаи телевизиони мустақили «Стан» гузарондааст, панҷоҳ дарсади назардиҳандагон пешаи хабарнигориро дар Қирғизистон пешаи хатарнок арзёбӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG