Пайвандҳои дастрасӣ

Пас аз як ҷаласаи ибтидоӣ Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эълом дошт, ки баррасии даъво алайҳи нашрияҳои "Азия-плюс", "Фараж" ва "Озодагон"-ро рӯзи 23 феврали соли ҷорӣ идома хоҳад дод.

Амриддин Сафоев, додгустари парвандаи мазкур, ба ҷонибҳо машварат дод, ки то 23-юми феврал асноди заруриро барои мурофиа ба додгоҳ пешниҳод кунанд. Вай ҳамчунин таъкид кард, даъвогарон ва ҷавобгарони парванда метавонанд, дар чаҳорчӯби қонун бо роҳи тафоҳум ва муросо масъаларо ҳал кунанд. Дар он сурат ба баргузории муҳокима зарурат боқӣ намемонад.

Ду додраси Додгоҳи Олӣ - Нур Нуров ва Улуғбек Мамадшоев ва як додраси додгоҳи шаҳри Душанбе - Фахриддин Додометов, ки нашрияҳоро бо иттиҳоми тӯҳмат ва паст задани обрӯву эътибори инсон ба додгоҳ кашидаанд, хостори қатъи фаъолияти ин нашрияҳо то поёни таҳқиқ ва эълони ҳукми додгоҳ ва пардохти ба сурати умум 5,5 миллион сомонӣ ҷуброни зарари маънавиянд. Ба ғайр аз ин, бино ба даъвои додрасон муаллифи матлаб дар ин нашрияҳо -- вакили дифоъ Солеҳҷон Ҷӯраев бояд шахсан1,1 миллион сомонии дигар ба онҳо ҷуброн пардохт кунад.

Даъвогарон аз шарҳи аризаи хеш ва гуфтугӯ бо хабарнигорони зиёде, ки дар даромадгоҳи Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷамъ омада буданд, худдорӣ карданд. Аммо сардабирони ҳафтаномаҳо баъд аз мурофиа, ки пушти дарҳои баста баргузор шуд, аз чанд нуктаи баҳсангези шикояти додрасҳо изҳори ҳайрат карданд.

Зафар Сӯфии Фарғонӣ, сардабири «Озодагон», мегӯяд, дар шикояти хеш додрасҳо аз додгоҳ талаб кардаанд, ки то анҷоми мурофиа ҳафтаномаҳо баста шаванд.

Вай афзуд, «мо аз он кас пурсидем, ки шумо ҳамчун ҳуқуқшинос чаро ин гуна навиштед? Тибқи қонун фақат корхонаҳои тиҷоратиро метавон баст, ки мо тиҷоратӣ нестем. Пас ин иддао ғайриқонунӣ аст. Фаъолияти моро бо мактуби Вазорати фарҳанг фақат додгоҳ манъ карда метавонад. Ё агар ягон фаъолияти террористии моро ошкор кунанд, ки ба амнияти миллӣ таҳдид мекунад. Яъне худи аризаи даъвогӣ нуктаҳое дорад, ки ғайриқонунӣ аст.»

Марат Мамадшоев, муҳаррири «Азия–плюс», мегӯяд, «5,5 миллион сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ нуктаест, маҷбур мекунад суол пеш гузорем, ки оё даромади додрасҳо чӣ қадар аст? Бояд рӯзноманигорон аз худи онҳо пурсанд, ки ин маблағро аз куҷо гирифтаанд? Агар онҳо зарари маънавӣ дида бошанд, пас чаро ин маблағро мехоҳанд, барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун харҷ кунанд?»

Дар ҳамин ҳол, вакили дифоъ ва муаллифи нома дар се нашрия -- Солеҳҷон Ҷӯраев мегӯяд, ин парванда таҳти фишори раиси Додгоҳи олии Тоҷикистонӣ алайҳи ӯ ва нашрияҳо таҳия шудааст ва ин иродаи худи додрасҳо нест.

Вай афзуд, «ҳоло созишнома рафта истодааст. Ман ба раисҷумҳур ва Маҷлиси олӣ муроҷиат кардам, ки адолати судӣ нест, чора бинед. Аммо онҳо дурустиву нодурустии аризаи маро тафтиш накарда, қарор қабул карданд. Яъне дар Тоҷикистон қонунҳо амал намекунанд.»

Дар ҳамин ҳол, аризаи додрасҳо дар дохил ва хориҷи кишвар вокунишҳоеро ба вуҷуд овардааст. Созмони байналмилалии Гузоришгарони Бидуни Марз бо нашри як баёния аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки фишор бар матбуоти мустақилро аз тариқи додгоҳҳоро хотима диҳанд.

Ба ҳамин мазмун созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон, ба шумули Иттиҳодияи рӯзноманигорон, Анҷумани милиии расонаҳои мустақил, Шӯрои васоити ахбори умум, Бунёди дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон, Маркази таҳқиқоти рӯзноманигорӣ, Созмони "Журналист" ва Мактаби мустақили рӯзноманигорӣ як изҳороти дастаҷамъӣ пахш карда, нигаронии хешро иброз доштанд.

Қазияи мазкур севвумин ҳодисаи ба додгоҳ кашида шудани нашрияҳои мустақили Тоҷикистон аст. Қаблан додгоҳ ҳафтаномаи «Пайкон»-ро 300 ҳазор сомонӣ ҷарима баст ва ҳамзамон Вазорати кишоварзӣ бо муроҷиат ба додгоҳ аз ҳафтаномаи «Миллат» 1 миллион сомонӣ ҷуброн мехоҳад. Ин вазорат мегӯяд, дар матлаби "Миллат" тӯҳмат ва паст задани шаъну шарафи кормандони вазорат ҷой дорад.

Коршиносон ин ҳамаро фишор ба матбуоти Тоҷикистон дар остонаи интихоботи парлумонӣ меноманд. Иддае дигар мегӯянд, шояд нашрияҳо беихтиёр ба як кашокаши байни ниҳодҳои гуногуни ҳукумат шомил шудаанд. Онҳо аз ҷумла мухолифатҳои миёни Додситонии кул ва Оҷонси мубориза бо фасодро аз як сӯ ва Додгоҳи олиро аз сӯи дигар мисол меоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG