Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикваи амрикоиҳо аз шиканҷа дар маҳбаси Покистон


Шаҳрвандони Амрико, ки аз сӯи мақомоти Покистон дар тарҳрезии ҳамлаи террористӣ айбор мешаванд, дар мурофиаи додгоҳӣ аз шиканҷаву азият дар маҳбас шикоят карданд. Холид Хоҷа, вакили мудофеъи шаҳрвандони боздоштшудаи ИМА дар баробари хабарнигорон дар шаҳри Саргодҳаи Покистон изҳор намуд, амрикоиҳо "ба қозӣ гуфтанд, ки аз замони боздошт алайҳашон аз шиканҷа, аз ҷумла, тавассути электрошок, кор мегирифтанд. Онҳо ҳамчунин мегӯянд, ҳушдорашон додаанд, ки агар дар ин бора бо хабарнигорон ваё бо каси дигар сӯҳбат кунанд, онҳоро зинда пӯст мекананд".
Панҷ шаҳрванди ИМА моҳи декабри соли гузашта аз сӯи мақомоти амниятии Покистон дастгир шуданд. Ба иттилои додситонӣ, онҳо тавассути почтаи электронӣ бо ҷунбиши “Толибон” дар Покистон робита доштанд. Ошӯбгарони толиб мехостанд, ки тавассути шаҳрвандони амрикоӣ ҳамлаҳои террористиро ба роҳ монанд. Ва аммо боздоштшудаҳо ин иттиҳомро рад кардаанд.
Мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 16 феврал идома меёбад.
XS
SM
MD
LG