Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз таъсиси нахустин гурӯҳи омӯзиши илмҳои нанотехнологӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ду сол сипарӣ мешавад, аммо донишҷӯён аз вазъи феълӣ ва ояндаи норавшани таҳсилашон дар ин бахш нигаронанд.

Гурӯҳи фанновариҳои нанотехнологӣ дар Тоҷикистон барои аввалин бор соли 2008 баъд аз пирӯзии хонандаи тоҷик Хурсанд Ёров дар озмуни байналмилалии илмҳои нанотехнологӣ таъсис ёфт.

Мутаассифона, мо дар ин донишгоҳ танҳо як фан - математикаи олиро то андозае хуб омӯхтему тамом ...
Аз сабабе, ки илми фанновариҳои нанотехнологӣ мураккаб аст, ба ин гурӯҳ ҷавони лаёқатманд ва донандагони хуби илмҳои дақиқ, бо шумули худи Хурсанд, интихоб шуданд. Он замон ин донишомӯзон умед доштанд, ки баъд аз 2 соли омӯзиши илмҳои асосӣ ва дақиқ барои ба пуррагӣ аз худ кардани ихтисос таҳсилро дар донишгоҳҳои хориҷӣ идома хоҳанд дод.

Донишгоҳ ҳам бо таъсиси ин гурӯҳ тасмим дошт, бинобар набуди мутахассис ва шароити омӯзиши нанотехнология, донишомӯзонро ба кишварҳое ирсол кунад, ки заминаи хуби омӯзиши нанотехнологияро доранд.

Аммо ҳоло донишҷӯён, то ҳадде ин умеди худро аз таҳсил дар кишварҳо хориҷӣ даст додаанд. Онҳо мегӯянд, ду соли худро бе манфиат дар донишгоҳ сарф кардаанд ва аз донишҳои дақиқе ҳам, ки то имрӯз гирифтаанд, чандон розӣ нестанд.

Хурсанд Ёров, Акбар Файзуллоев, ва Илҳом Ҳотамов, ки бовар доранд илми интихобкардаи онҳо дар оянда метавонад дар ҳаёти инсоният тағйироти зиёде ворид кунад, дар сӯҳбат бо “Ояндасоз” чунин гуфтанд:

  • Шахсе, ки мехоҳад дар ҳамин соҳа ягон кашфиёте дошта бошад, ӯ бояд дониши хуби риёзӣ, кимиёӣ, физикӣ ва барномасозиро дошта бошад. Мутаасифона, мо дар ин донишгоҳ танҳо як фан - математикаи олиро то андозае хуб омӯхтему тамом. Дар маҷмӯъ ҳатто ҳамон донишҳоеро, ки мо дар мактаби миёни омӯхта будем, то ҳадде аз ёд рафтанд. Ҳеҷ кас намехоҳад, ки 3 соли худро барбод дода, рафта аз соли аввал таҳсил кунад;
  • Ҳоло дар Тоҷикистон маблағгузорӣ бештар ба соҳаҳое мисли кишоварзӣ ва соҳибкорӣ ва ғайра мешавад, чун фоидаи он тез ба даст меояд. Аммо илм чунин аст, ки манфиаташ баъди даҳсолаҳо меояд. Аксари мутахассисони хуби мо барои дарёфти кор ба хориҷа мераванд. Чаро? Барои он, ки илмҳои муосир он ҷо хуб аст ва таваҷҷӯҳ ба олимон ҳам зиёд аст.

Хурсанд Ёров, донишҷӯи нахустин гурӯҳи фанновариҳои нанотехнологӣ, умедвор аст, ки дар Соли маориф ва фарҳанги техникӣ шароити омӯзиши илмҳои нанотехнологӣ дар кишвар беҳтар хоҳад шуд
Нигаронии ҷавонони лаёқатманде, ки дар тамоми суханрониҳои вазиру масъулини соҳаи маориф бо ифтихор аз дониши онҳо мисол оварда мешавад, моро бетараф нагузошт ва ба масъулини донишгоҳ муроҷиат кардем.

Абдуқаҳор Турсунов, муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, мегӯяд, омӯзиши фанновариҳои нанотехнологӣ таҷрибаи нав аст ва донишгоҳ то ҳадди имкон ба муҳассилин шароитҳои зарурии таълимиро фароҳам овардааст. Аммо, ба қавли ӯ, бо ин вуҷуд ин муассисаи таълимӣ аз ҷиҳати молӣ дар таъмину фароҳамсозии таҷҳизоти зарурӣ, ки асоси таълими илми нанотехнология аст, мушкилӣ мекашад.

Ба гуфти ӯ, донишгоҳ имкон дорад, донишҷӯёнро танҳо барои таҷрибаомӯзии муваққатӣ ба хориҷи кишвар равона созад, аммо дар мавриди фиристодани муҳассилин барои идомаи таҳсил ба факултаҳои вижаи фанновариҳои нанотехнологӣ донишгоҳ феълан ягон нақшаи мушаххасе надорад.

Аз худи муҳассилини гурӯҳи нанотехнология пурсидем, ки дар сурати муваффақ нашудан ба таҳсил дар факултаҳои вижаи илми нанотехнология ва ба хубӣ аз худ накардани ин илм чӣ хоҳанд кард?

Акбар Файзуллоев, яке аз муҳассилин, гуфт, “чун дигар олимони ҷавон ва мутахассисоне, ки дар Тоҷикистон кори мувофиқ наёфтаанд, ба хориҷа хоҳам рафт.”

Вале донишҷӯи дигари гурӯҳ Хурсанд Ёров, умедвор аст, дар равон, ки Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шудааст, ниҳодҳои марбута, аз ҷумла Вазорати маориф, барои таъмини шароити омӯзиши илмҳои нанотехнологӣ дар кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар як мулоқоти ахираш эътироф кард, ки зарурати такмили омӯзиши илмҳои дақиқу техникӣ, ба вижа илми нанотехнология ба миён омадааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG