Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди Сорос хостори раҳоии Евгений Жовтис шуд


Пажуҳишгоҳи “Ҷомеаи боз”-и Бунёди Сорос аз мақомоти Қазоқистон даъват кард, ки ҳомиии ҳуқуқи башар Евгений Жовтисро аз маҳбас раҳо кунанд. Евгений Жовтис соли гузашта дар як садамаи автомобилӣ, ки бар асари он як пиёдагард ба ҳалокат расид, айбдор дониста шуд ва барои 4 сол маҳкум ба зиндон гардид. Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар гуфтанд, ки ин парванда “ангезаи сиёсӣ” дорад. “Ҷомеаи боз” мурофиаи додгоҳии Евгений Жовтисро “беадолатона” арзёбӣ кардааст.
Қазоқистон раиси даврии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупост ва таҳти заррабини созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар қарор дорад.
XS
SM
MD
LG