Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи варзишгарони Тоҷикистон барои ширкат дар Бозиҳои XXI зимистонаи олимпӣ рӯзи 3-юми феврал ба шаҳри Ванкувери Канада сафар хоҳад кард.

Раҳбари ин ҳайат Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт,
«варзишгарони тоҷик барои севвумин бор аст, ки дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ танҳо дар як ришта – лижаронии кӯҳӣ ширкат меварзанд. Дар ду Олимпиадаи пешин – соли 2002-юм дар шаҳри Солт-Лейк-Ситии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва соли 2006-ум дар шаҳри Турини Итолиё Тоҷикистонро Андрей Дригин намояндагӣ карда буд. Ин дафъа низ ин варзишгари 32-сола, ки аз шаҳри Красноярски Русия мебошад ва шаҳрвандии Тоҷикистонро пазируфтааст, дар сабқати лижаронии кӯҳӣ аз 13-ум то 27-уми феврал ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Ӯ ҳамроҳи мураббиаш Олег Провоторов ба Ванкувер сафар мекунад. Ба ҳайати варзишии кишвар, инчунин, лижарони дигари тоҷик Алишер Қудратови 24-сола, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Ширинҷон Мамадсафоев ва дабири кулли ин кумита Баҳрулло Раҷабалиев шомиланд.»

Бозиҳои ХХI зимистонаи олимпӣ дар Ванкувер аз 12-ум то 28-уми феврал баргузор хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи ҷаноби Абдуллоев аз ду варзишгари Тоҷикистон яке дар маросими кушоиши ботантанаи Бозиҳои олимпии Ванкувер, ки 12-уми феврал доир мешавад, парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG