Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филми нав -- “Беҳуда хорам мекунӣ”


Дар ҳоле, ки имрӯз дар ҷаҳон филми амрикоии “Аватар” вирди забонҳост, дар Тоҷикистон бисёриҳо дар пайи хариду тамошои филми нави тоҷикӣ бо номи “Беҳуда хорам мекунӣ” ҳастанд.

Ин филмро на танҳо дар марказҳои дискфурӯшӣ, балки дар кӯчаҳо низ дарёфт кардан мумкин аст. Муаллиф ва коргардони филми мазкур Талабшоҳ Муқимов, рӯзноманигори ҷавон ва муваффақи тоҷик аст.

Филми мазкур аз ҳаёти намояндаҳои ду қишри ҷомеа қисса мекунад, ки аз олами ҳамдигар тамоман дуранд. Хонаводаи доро, ки намехоҳад, писарашон бо духтари деҳқони деҳотӣ издивоҷ кунад, бо якравии худ боиси марги духтар ва тарки манзил кардани писар мешавад.

Ҳарчанд филми мазкур, ки таҷрибаи нахустини коргардони ҷавон аст, аз сӯи бархе тамошобинон ва мунақиддон танқид мешавад, вале бо ин вуҷуд, филми мазкур тавонист дар як муддати кӯтоҳ маъруф шавад ва собит кунад, ки имрӯз дар бозор ба филми тоҷикӣ талабот хеле зиёд аст.

Вале чаро то имрӯз филмҳои хубу ҳирфаии тоҷикӣ дар бозор ангуштшумор аст?

Дар нашри навбатии “Ояндасоз” роҷеъ ба филми нави “Беҳуда хорам мекунӣ” ва вазъу шароити филмсозӣ дар Тоҷикистон бо ширкати худи филмсозону коргардонони ҷавон ва тамошобинони ҷавон баҳс кардем.

Барои шунидани “Ояндасоз” ишораи аудиои бахши Чандрасонаиро пахш кунед.

Вобаста

XS
SM
MD
LG