Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусавӣ хостори идомаи намоишҳои эътирозӣ шуд


Мирҳусейни Мусавӣ, раҳбари мухолифини Эрон, аз ҷонибдоронаш даъват кард, ки бо вуҷуди таъқибу фишори мақомот, намоишҳои эътирозиро идома диҳанд. Дар як матлаб, ки ахиран дар сомонаи интернетии мухолифин нашр шуд, Мусавӣ ташкили эътирозҳои мусолиматомезро “ҳаққи мардуми Эрон” номидааст. Мухолифин тасмим гирифтаанд, ки рӯзи 11 феврал, дар солгарди инқилоби исломӣ, ба хиёбонҳо бирезанд ва бори дигар алайҳи натоиҷи баҳсбарангези интихоботи раёсатҷумҳурӣ эътироз кунанд.
Мирҳусейни Мусавӣ дар шарҳи тантанаҳо ба шарафи инқилоби исломии соли 1979 гуфтааст, ки инқилоб ба ҳадафи худ нарасидааст, зеро дар кишвар низоми мустабид ҳукмрон аст.
Ҳафтаи гузашта бо ҳукми додгоҳ ду тан аз ширкаткунандагони тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар рӯзи Ошурои ҳусейнӣ ба қатл расиданд. Мурофиаи додгоҳии даҳҳо нафари дар ҳаводиси он рӯз боздоштшуда идома дорад.
XS
SM
MD
LG