Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Исроил ба осебдидагон дар заминларзаи Ванҷ


Ҳукумати Исроил барои осебдидагон дар заминларзаи Ванҷ болопӯшҳои гарм фиристодааст. Дар ин бора дафтари матбуоти сафорати Исроил дар шаҳри Тошканд хабар дод. Ба иттилоъи дипломатҳо, кумаки башарӣ иборат аз 46 баста ахиран ба сафири Тоҷикистон дар Узбакистон Бобохон Маҳмадов супурда шуд.
Бар асари заминдарза, ки субҳи рӯзи 2 январ дар ноҳияи Ванҷи Бадахшони кӯҳистон ба вуқӯъ пайваст, 1283 манзили зист дар тақрибан 20 деҳа осеб дида, 28 манзил комилан фурӯ рехтаанд. Ба иттилоъи кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, бар асари заминларза ба ноҳияи Ванҷ ба маблағи тақрибан яку ним миллион доллари амрикоӣ хисорот ворид шудааст.
XS
SM
MD
LG