Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама тарҳи буҷаи соли 2011-ро ироа кард


Барак Обама ба Конгресси Амрико тарҳи буҷаи ин кишвар барои соли 2011-ро ироа кардааст. Дар ин буҷа афзоиши ҳазинаҳои барномаҳои иҷтимоӣ ва ҳамзамон коҳиши чандин барномаи дигар пешбинӣ шудааст.

Дар буҷаи соли оянда, ки ҳаҷмаш 3 триллиону 830 миллиард доллар аст, як триллиону 400 миллиардаш масрафҳои эҳтиётӣ, ду триллиону 200 миллиардаш - масрафҳои иҷборӣ барои барномаҳои мушаххас ва 251 миллиард - баҳраи қарзи миллӣ мебошад.

Пешбинӣ шудааст, ки то охири соли 2010 касри буҷа ба сатҳи рекордии як триллиону 560 миллирад доллар хоҳад расид ва аммо соли 2011 касри буҷа коҳиш ёфта, як триллиону 270 миллиардро ташкил хоҳад дод.

Тарҳи буҷа чанд ташаббус дар бахши андоз низ дорад. Раисиҷумҳури қаблӣ Ҷорҷ Буш ба сарватмандон имтиёзҳо дар пардохти андоз фароҳам оварда буд ва аммо мӯҳлати ин имтиёзҳо дар охири соли 2010 ба поён мерасад.

Бино бар санаде, ки Барак Обама ба Конгресс пешкаш намудааст, баъд аз соли 2010 имтиёзҳои мазкур танҳо ба оилаҳое, ки даромадашон камтар аз 250 ҳазор доллар дар як сол аст, боқӣ хоҳад монд.

Тарҳи Обама коҳиши сатҳи бекорӣ дар кишварро пешбинӣ мекунад. Дар айни замон сатҳи бекорӣ 10 дарсадро ташкил медиҳад, аммо раҳбари Амрико гуфт, ки дар баробари коҳиши сатҳи бекорӣ ноилоҷ афзоиши касри буҷа мушоҳида хоҳад шуд.

Обама гуфт, «мо наметавонем ба масрафи пулҳо идома диҳем ва фикр кунем, ки касри буҷа ягон пайомаде нахошад дошт. Мо наметавонем бо пулҳое, ки амрикоиҳо бо арақи ҷабин ба даст меоранд, мисли пулҳои бозӣ бархурд кунем. Мо наметавонем ин чолишро ба наслҳои оянда супорем.»

Мувофиқи ваъдаҳо, Барак Обама ба буҷа маблағ барои ривоҷу равнақи фанновариҳо ва энержии экологӣ низ ворид кардааст. Барои соҳаи нақлиёт 79 миллиард, соҳаи беҳдошт - беш аз 900 миллиард, маориф - беш аз 50 миллиард пешбини шудааст.

Вазорати дифоъ дар соли 2010 азҷумла барои ҷангҳо дар Ироқу Афғонистон 708 миллиард доллар дархост кардааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 3,4 дарсад зиёд аст.

Бо вучуди он, ки барои фазонавардӣ 18 миллиарду 700 миллион доллар ҷудо мешавад, мутахассисон мегӯянд, Оҷонси кайҳоннавардии Амрико маҷбур мешавад, барномаи парвозҳои инсон ба моҳро қатъ кунад.

Намояндагони ҳизби ҷумҳурихоҳ тарҳи буҷаи Обамаро мавриди интиқод карор дода, мегӯянд, ки ҳукумат наметавонад роҳи беруноӣ аз бӯҳрони иқтисодиро пайдо кунад.

Демократҳо дар посух ҷумҳурихоҳонро айбдор мекунанд, ки мушкилиҳое, ки Амрико имрӯз бо онҳо рӯбарӯст, дар натиҷаи сиёсати раисиҷумҳури қаблӣ Ҷорҷ Буш ба амал омадааст.
XS
SM
MD
LG