Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дифои созмонҳои рӯзноманигорӣ аз расонаҳои озод


Субҳи имрӯз созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон дар ҳимоят аз нашрияҳои мустақили Тоҷикистон "Азия Плюс", "Фараж" ва "Озодагон" изҳороти муштарак мунташир сохтанд. Ин дар ҳолест, ки қарор аст, имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳии ин 3 нашрия шурӯъ шавад. Иттиҳодияи Рӯзноманигорони Тоҷикистон, Анҷумани Милиии Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон, Шӯрои васоити ахбори умумии Тоҷикистон, Бунёди дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон, Маркази таҳқиқоти рӯзноманигорӣ, Созмони "Журналист" ва Мактаби мустақили рӯзноманигорӣ аз кашондани нашрияҳои мустақил ба додгоҳ изҳори нигаронӣ кардаанд ва гуфтаанд, ки намояндагони мақомоти иҷроӣ ва додгоҳӣ бо чунин рафтори худ нисбат ба расонаҳои мустақил ба эътибори матъбуоти мустақил латма ворид мекунанд ва ба онҳо зарари равонӣ мерасонанд. Созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон фишор бар матбуоти мустақилро ба боди интиқод гирифтаанд ва изҳори умед кардаанд, ки чунин рафтор боиси муфлис шудани нашрияҳои мустақил ва бастани онҳо нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG