Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳии нашрияҳои мустақили "Азия-плюс", "Фараж" ва "Озодагон"-ро то рӯзи 23 феврали соли ҷорӣ мавқуф гузошт.

Амриддин Сафоев, додраси додгоҳи ноҳияи Сино ва додгустари парвандаи мазкур, ба ҳарду ҷониб машварат дод, ки то 23-юми феврал асноди лозимаро барои мурофиа пешниҳод кунанд. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки даъвогарон ва ҷавобгарони парванда метавонанд дар чаҳорчӯби қонун бо роҳи муросо масъаларо ҳал кунанд.

Ду қозии Додгоҳи олӣ ва як додраси додгоҳи шаҳри Душанбе ахиран нашрияҳои "Фараж", "Озодагон" ва "Азия-плюс"-ро бо иттиҳоми тӯҳмат ва паст задани обрӯву эътибори инсон ба додгоҳ кашиданд ва барои ҷуброни маънавӣ аз онҳо 5,5 миллион сомонӣ товон талаб карданд.

Мӯҳтавои шикояти додрасҳо ба изҳороти ахири Солеҳҷон Ҷӯраев, як тан аз вакилони мудофеъ, бастагӣ дорад, ки дар шумораҳои ҳафтаи гузаштаи нашрияҳои "Озодагон", "Фараж" ва "Азия-плюс" мунташир шуд. Дар ин матолиб адвокат Ҷӯраев, бо овардани далелҳои ба гуфтаи худаш мӯътамад, бархе аз додрасҳоро дар баррасии ғайримунсифонаи парвандаҳо, ба хусус парвандаи гурӯҳи 33-нафарии мансуб ба Низомхон Ҷӯраев, соҳиби пешинаи корхонаҳои спирт ва кимиёи Исфара, мутаҳҳам донистааст.

Сардабирони нашрияҳо мегӯянд, нашри ин матолиб бо риояи қавонини кишвар сурат гирифтааст. Онҳо дар ҷавоб ба даъвои додрасҳо бо пахши як муроҷиатномаи расмӣ аз созмонҳои журналистии маҳаллӣ кӯмаки маънавӣ ва ҳуқуқӣ хостаанд.

ВОКУНИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Зафари Суфӣ, сармуҳаррири "Озодагон", мегӯяд, изҳороти вакили мудофеъ дар ҳафтаномаи ӯ бо риояи қавонини кишвар нашр шудааст
Дар вокуниш ба баҳси додгоҳии нашрияҳои мустақил дар Тоҷикистон ахиран созмони байналмилалии Гузоришгарони Бидуни Марз бо нашри як баёния аз мақомоти ин кишвар хост, ки фишор бар матбуоти мустақилро аз тариқи додгоҳҳоро хотима диҳанд.

Дар изҳороти ин созмони ҳомии матбуот гуфта шудааст, ки дар баробари қонуни номукаммали матбуот силсилаи даъвоҳои додгоҳӣ алайҳи ҳафтаномаҳо ғайривоқеист ва эҳтимол дорад, чунин кор ба як “анъана” табдил ёбад.

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дархости ҷубронҳои азими молиро бемаънӣ хонда ва гуфтааст, ки "чунин ҷаримаҳои ҳангуфт мавҷудияти расонаҳо ва ҳамон гуногунандешии маҳдуд дар матбуоти Тоҷикистонро низ зери суол мебарад".

НИГАРОНИИ СОЗМОНҲОИ РӮЗНОМАНИГОРӢ

Созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон низ фишори мақомот бар матбуоти мустақилро ба боди интиқод гирифтаанд.

Субҳи имрӯз Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, Анҷумани милиии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, Шӯрои васоити ахбори умумии Тоҷикистон, Бунёди дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон, Маркази таҳқиқоти рӯзноманигорӣ, Созмони "Журналист" ва Мактаби мустақили рӯзноманигорӣ бо пахши изҳороти дастаҷамъӣ аз кашондани се нашрияи мустақил ба додгоҳ ибрози нигаронӣ кардаанд.

Дар ин изҳорот омадааст, ки намояндагони мақомоти иҷроия ва додгоҳӣ бо чунин рафтори худ нисбат ба расонаҳои мустақил ба эътибори матбуот латма ворид мекунанд ва ба онҳо зарари равонӣ мерасонанд.

Мурофиаи додгоҳии нашрияҳои "Фараж", "Озодагон" ва "Азия-плюс" дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран ҳафтаномаи дигари бонуфузи кишвар – "Миллат" низ ба чунин як мушкил рӯ ба рӯ шудааст. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар робита ба як матлаби интиқодии ин нашрия ба додгоҳ шикоят бурда, пардохти 1 миллион сомонӣ товонро тақозо кардааст.

Бархе аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки чанд ҳафта пеш аз интихоботи парлумонӣ мақомоти расмӣ бо чунин бархурд ба матбуоти мустақил саъй доранд, то худсонсуриро дар расонаҳои кишвар ташвиқ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG