Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкориҳои Фаронса ва Туркманистон тавсеа меёбад


Дар ҷараёни боздиди Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон аз Порис-пойтахти Фаронса Никола Саркоӣ-раиси ҷумҳури Фаронса ва Бердимуҳаммадов ба тавофуқ расиданд, ки ҳамкориҳои ҳар ду кишвар таҳким ёбад. Баъд аз интихобаш ба мақоми раёсати ҷумҳурии Туркманистон дар соли 2006 ин нахустин боздиди Бердимуҳаммадов аз Фаронса аст. Раҳбарони ҳар ду кишвар дар эъломияе қавл додаанд, ки таҳкими дӯстии ҷонибҳоро ташвиқ мекунанд ва равобиту ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои энержӣ, ҷаҳонгардӣ ва соири бахшҳои мавриди алоқаи ҳар ду тараф таҳким мебахшанд. Саркозӣ ва Бердимуҳаммадов масъалаи захоири энержии Туркманистонро баррасӣ карданд. Онҳо гуфтанд, ки бояд интиқоли босуботи газ ба бозорҳои ҷаҳонӣ таъмин шавад. Туркманистон чаҳорумин кишвари бузурги дорои захоири газ дар ҷаҳон ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG