Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои аслӣ барномаи коҳиши газҳоро пазируфтаанд


СММ мегӯяд, 55 кишвар, ки тавлидкунандагони аслии газҳои гулхонаӣ ба шумор мераванд, барномаи мубориза бо гармоиши сайёраро пазируфтаанд. Йево де Боер-раиси котиботи тағйири иқлим дар СММ мегӯяд, аз 194 кишвари узви СММ 55 кишвар барномаро қабул кардаанд ва онҳо кишварҳое мебошанд, ки 78 дарсади газҳои гулхонаиро тавлид мекунанд. Дар мулоқоти раҳбарон дар Дания моҳи декабр тавофуқ ба даст омада буд, ки кишварҳо бояд то 31-уми декабр ин барномаро ба тасвиб расонанд.
XS
SM
MD
LG