Пайвандҳои дастрасӣ

Фурудгоҳи Ҳаитӣ ҳанӯз мушкили қабули кумакҳоро дорад


Мақомоти Салиби Сурхи Байналмиллалӣ мегӯянд, ки онҳо мунтазири 1000 парвози дигар ба Ҳаитӣ ҳастанд, зеро кӯмакҳо ба осебдидагони зилзила ба таъхир афтодааст. Фурудгоҳи аслӣ дар Порто Принтс-пойтахти Ҳаитӣ аз зилзилаи 12-ӯми январ осеб дидааст. Ба ҳамин сабаб, Дэвид Мелтзер-муовини раиси кӯмакҳои хайрияи байналмиллалӣ гуфтааст, корвонҳо кӯмак аз роҳҳои заминӣ ба Ҳаитӣ раҳсипор шудаанд. Ин кӯмакҳо аз ҷумҳурии ҳамсояи Доминика дар зарфи 18 соат ба Ҳаитӣ ворид мешаванд. Дар ин зилзила 200 000 нафар кушта шудаанд. Кӯмакҳо аз оби ошомиданӣ ва хӯрока иборат аст.
XS
SM
MD
LG