Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилл:Интихоботи моҳи марти Ироқ бояд одилона бошад


Кристофер Ҳилл-сафири Амрико дар Ироқ гуфтааст, интихоботи моҳи оянда дар Ироқ бояд интихоботи одилона бошад ва натиҷаҳоро ҳам райдиҳандагон ва ҳам номзадҳо бипазиранд. Кристофер Ҳилл гуфт, интихоботи 7-ӯми март бояд сарнавишти баъдии Ироқро баъд аз хуруҷи нируҳои Амрик аз Ироқ таъйин кунад. Сафири Амрико ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфтааст, вай мутмаин аст, ки раҳбарони сисёсии шиа баҳсҳои худро дар мавриди ботил кардани феҳристи 450 намояндаи содиқ ба режими БААС-и Саддом Ҳусейн ҳал хоҳанд кард. Дар давоми ду соли ахир даргириҳои мазҳабии миёни гурӯҳҳо коҳиш ёфтааст, вале рӯзи душанбе дар як бамгузорӣ, ки шиаҳоро ҳадаф қарор дода буд, 54 нафар дар Бағдод ҷони худро аз даст доданд.
XS
SM
MD
LG