Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон 31-умин солгарди бозгашти Хумайниро ҷашн гирифт


Эрон 31-умин солгарди бозгашти Оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хумайнӣ -муассиси Ҷумҳурии Исломиро ҷашн гирифт. Хумайнӣ баъд аз 14 соли табъид 1-уми феврали соли 1979 аз Порис ба Теҳрон бозгашт ва аз ин бозгашт миллионҳо нафар истиқбол карданд. Бозгашти вай бо инқилоби исломӣ ба поён расид ва Муҳаммад Ризошоҳ-раҳбари Эрон, ки аз тарафи Амрико ҳимоят мешуд, аз раҳбарият барканор шуд. Ба ин тартиб Хумайнӣ то рӯзи даргузашташ дар соли 1989 ба унвони раҳбари рӯҳонии Эрон дар сари қудрат буд. Дирӯз президент Маҳмуди Аҳмадинежод ва мақомоти аршади давлати вай дар ҷануби Теҳрон мақбараи Оятуллоҳ Рӯҳуллоҳ Хумайниро зиёрат карданд. Солгарди бозгашти Хумайнӣ соли ҷорӣ дар ҳоле баргузор шуд, ки Эрон бо ташаннуҷи сиёсӣ рӯ ба рӯст. Интихоби дубораи Маҳмуди Аҳмадинажод ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз замони инқилоби исломӣ то кунун ин кишварро ба бӯҳрони бесобиқаи сиёсӣ рӯ ба рӯ кардааст.
XS
SM
MD
LG