Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҳи будҷаи Обама пешниҳод шуд


Дирӯз Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико тарҳи будҷаи давлати худро барои соли молии 2011 барои тасвиб ба Конгресси Амрико фиристод. Тарҳи мазкур барои будҷа 3 триллиону 830 миллиард долларро пешбинӣ мекунад. Ин тарҳ ҳамчунин 1 триллиону 560 миллард доллар касри будҷаро то поёни соли 2010 дар назар гирифтааст. Обама дар будҷаи худ барномаҳои коҳиши бекорӣ дар кишварро пешбинӣ кардааст. Ҳоло дар Амрико бекорон 10 дарсадро ташкил медиҳанд. Ҷумҳурихоҳон аз тарҳи будҷаи давлати Барак Обама интиқод кардаанд ва гуфтаанд, ки бо чунин будҷа давлат наметавонад аз бӯҳрони иқтисодӣ раҳоӣ ёбад. Аммо демократҳо далел меоранд, ки ҳамаи нобарориҳо натиҷаи сиёсати Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури собиқ будааст.
XS
SM
MD
LG