Пайвандҳои дастрасӣ

Якуми феврал дар Эрон аз 31-умин солгарди бозгашти Оятуллоҳ Рӯҳулло Хумайнӣ аз ҳиҷрат дар Порис ба Теҳрон, ки ба инқилоби исломии соли 1979 таҳрики ҳалкунанда дод, таҷлил карданд.

Ин ҳам дар ҳоле ки режими раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, бо бадтарин бӯҳрони пас аз ин инқилоб рӯбарӯст. Ва дастур шудааст, ки маъракаҳои ёдбуду гиромидошти бозгашти Хумайнӣ 10 рӯзи оянда идома карда, бо таҷлил аз рӯзи инқилоб дар 11-уми феврал ба авҷи расонида шаванд.

Дар ҳоле ки ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфтааст, даҳ рӯзи таҷлил аз солгарди бозгашти Оятуллоҳ Хумайнӣ ба Эрон дар авҷи инқилоби исломии соли 1979 бо раҳпаймоӣ ва тазоҳуроти азими мардум дар рӯзи 11-уми феврал анҷом хоҳад ёфт, мухолифони ҳукумат низ гуфтаанд, дар ин рӯз як тазоҳуроти бузурги зиддиҳукуматӣ баргузор хоҳанд кард.

Таҷлил аз солрӯзи бозгашти Хумайнӣ аз табъиз дар Порис ба Теҳрон ин бор дар ҳоле ҷараён мегирад, ки сар аз интихоботи президентии Эрон дар моҳи июн, саҳнаи сиёсии ин кишвар огандаи шадидтарин бӯҳрон дар давраи мавҷудияти ҷумҳурии исломист.

Эътирозҳои пасоинтихоботӣ, ки дар онҳо мухолифони Аҳмадинажод ҳукуматро дар хилофкорӣ ва тақаллуб айбдор мекарданд, бори дигар дар маросими Ошӯро дар 27-уми декабр ба авҷи худ расиданд ва дар тамоми ин давра даҳҳо нафар кушта ва садҳо тан захмӣ шудаву гурӯҳе аз ширкаткунандагони раҳпаймоиҳои мухолифон дар маҳбас ба сар мебаранд.

Аммо раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод ба бӯҳрон пеҳидани даври дувуми раёсаташро рад мекунад ва мегӯяд, низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз ҳарвақта дида қавитару пойдортар аст ва мардуми Эрон дар расидан ба аҳдофи хеш устувортару қатъитаранд.

Ҳамзамон бо изҳороти Аҳмадинажод дар бораи эътидол ва устуворӣ, мақомоти эронӣ ба саркӯб кардани мухолифон идома медиҳанд. Ду рӯз пеш муҳокимаи 16 нафаре баргузор шуд, ки дар тазоҳуроти рӯзи Ошӯро боздошт шудаанд. Панҷ нафар аз онҳо ба сахттарин ҷурм -- "муҳориба" айбдор мешаванд, ки маънияш роҳандозии ҷанг зидди Худованд мебошад.

Ҳамаи онҳо ба думболи даргириҳо байни мухолифон ва нерӯҳои амниятӣ дар рӯзи Ошӯро боздошт шудаанд. Дар ин даргириҳо ҳашт нафар ба ҳалокат расиданд.

Хабаргузории нимарасмии Эрон, "Форс", мегӯяд, дар робита ба беназмиҳои Ошӯро боз 150 нафари дигар низ боздошт шудаанд. Ба ин тартиб шумораи умумии тазоҳуркунандагони боздоштшуда аз 27-уми декабр ба ин сӯ 450 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳуқуқшинос Абдулфаттоҳи Султонӣ мегӯяд, аксари ин боздоштшудагон фақат барои ширкат дар тазоҳурот бозошт шудаанд ва иттиҳоми "муҳориба" зидди онҳо беасос аст. Вай меафзояд, ҷазое, ки барои "муҳориба" таъин шудааст, ба чор навъ аст. Яке эъдом, дувум ба салиб кашидан, савум қатъи дасту пой ва чаҳорум -- табъид ё ихроҷ.

Панҷшанбеи гузашта ду нафар бо иттиҳоми "муҳориба" ба дор кашида шуданд. Бино ба хабарҳо, ин ду нафар ҳанӯз қабл аз интихоботи моҳи июн боздошт шуда буданд, аммо замоне муттаҳам шуданд, ки тазоҳуроти густарда ба ҳукумати Аҳмаднажод таҳдид кард.

Нерӯҳои амниятии Эрон талош доранд, одамонро аз ширкат дар тазоҳуроти мухолифон дар солрӯзи инқилоби исломӣ боздоранд. Дар яке аз баёнияҳои ахири худ онҳо эълон карданд, ки акс ва наворҳои зиёдеро мусодира кардаанд, то аз рӯяшон ширкаткунандагони тазоҳуроти зиддиҳукуматиро мушаххас кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG