Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Аз дасти андозситонҳо ва андозҳои беандоза намедонӣ додатро ба кӣ гӯӣ. Дар мулоқоти президент бо соҳибкорон маро роҳ надоданд. Вагарна ман танҳо дар бораи бедодии ситемаи андози Тоҷикистон гап мезадам.»

Ин ҳарфҳоро як дӯсти соҳибкорам мезаду ҳайрон буд, ки чӣ кор кунад. Вай, ки як ширкати «кошисозӣ» ё кафелсозӣ дорад, гуфт, ки беҳтар аст ба Русия ё Қазоқистон раваду корашро онҷо идома диҳад.

Бистуяк навъи андоз дар Тоҷикистон дар кишвари кӯчаке, ки дорои 7 миллион аҳолӣ асту наздики 60 дар сади ҷамъияташ дар фақру бенавоӣ ба сар мебарад ба фоидаи кист.

Ва он ҳам тибқи иттилои созмонҳои ҷаҳонии масоили шуғли аҳолӣ ҳудуди 1 миллион нафари аҳолиаш дар Русия ба кори сиёҳ машғул асту тақрибан якуним миллиони ҷамъияташ бо оғози фасли кор ба Русия ва ба кишварҳои дигар мераванду меоянд.

Агар шумо ба гузориши ҳамкорам Зулфиқори Исмоилиён «Андози бисёр – буҷаи холӣ» таваҷҷӯҳ кунед, хеле рӯшан гуфта шудааст, ки дар кишвари ҳамсояи мо Қирғизистон ҳамагӣ ҳафт навъи андоз вуҷуд дорад. Дар ибтидо қирғизҳо 23 навъи андоз доштанд. Вале Ҳукумати Қирғизистон ва порлумони ин кишвар дар зарфи даҳ соли ахир бо омӯхтани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва шароиту тавонмандии мардуми худ ин теъдоди андозҳо аввал ба 16 ва баъд ба ҳафт расониданд.

Аҳолии Қирғизистон ба андозаи ҷамъияти Тоҷикистон аст. Ва ҳарду кишвари кӯҳистонанд. Ва ҳарду кишвари камбағалтарини Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд.

Чаро қирғизҳо метавонанду тоҷикҳо ҳатто дар фикри ислоҳи вазъ ба хотири беҳбуди зиндагии худ нестанд.

Як корманди Идораи андози пойтахт гуфт, вақте ки дар Тоҷикистон масъалаи навиштани қонуни андоз пеш омад, қонуншиносон ва қонуннависҳо кодекси андози Русия ва чанд кишвари дигарро бе назардошти шароити Тоикистон ва бидуни таҳрир гирифтанду таҳмил карданд. Охир барои мисол чӣ гунна мешавад Русияро бо Тоҷикистон қиёс кард?

Вақте ки ҳамкорам Абдуқаюми Қаюмзод дар бораи фаъолияти камранги порлумон гузориш дод, таҳти унвони «Вакилони хомӯшу хоболуди порлумон» матни он дар саҳифаи интернетии радиои Озодӣ ҷой дода шуд. Фардои ҳамон рӯз аз порлумон чанд вакили мардумӣ бо хашму ғазаб аз тариқи телефон дод мезаданд, ки «ин мақоларо аз саҳифа зуд бардоред, мо хомӯшу хоболуд нестем».

Чаро депутатҳо медонанд, ки андози бисёр ба суди Тоҷикистон нест, вале дар давраи фаъолияти онҳо чанд навъи андозу андозчаҳо изофа карда шуд?

Як соҳибкоре, ки худро Ҷовид Розиқов муаррифӣ намуд, гуфт, ки "агар дар системаи андоз ё дар Вазорати умури дохилӣ ё дар Кумитаи амният ва ё дар додситонӣ ё аз наздикони президент ва ё мансабдорон «шинос» надошта бошӣ ҳатман миёнатро бо ин андозҳои зиёд мешикананд. Маҷбур мешавӣ ҳамаро партоию аз Тоҷикистон равӣ."

Аҷибтар ин аст, ки вақте президент бо соҳибкорон дар охири соли гузашта мулоқот орост, пас аз суханронии худ аз соҳибкорон тақозо намуд, ки барои суолу пешниҳодҳо панҷ дақиқа вақт дода мешавад, то ин ки ҳама имкони баёни назар дошта бошанд.
Ман ва шояд миллионҳо бинандагони дигаре ки аз тариқи телевизион ин сӯҳбатро тамошо мекарданд, интизор доштем, ки ҳоло соҳибкорон дар бораи вазъи танги иҷтимоӣ хусусан дар бораи андозҳои бешумор пешниҳоду суолҳо медиҳанд.

Аммо аксари соҳибкорон аз рӯи варақҳо танҳо ва фақат «зиндабод!», «урабод!» мегуфтанд. Ҳол он ки вақте ба студияи мо меоянд, ин соҳибкорон ончунон системаи андозро танқид мекунанд, ки ба қавли онҳо, сабаби тамоми бадбахтиҳои иҷтимоӣ ҳамин 21 навъи андоз аст ва ин бонги изтироб барои ҷомеаи Тоҷикистон аст. Вале он рӯз дар чашми мардум дар баробари раиси ҷумҳур «илтифот» мекарданд.

Як дӯстам ки ин мулоқотро тамошо кардааст, гуфт, ки ба он вохӯрӣ соҳибкорон бо «рӯйхати махсус» даъват шудаанд. Барои ҳамин аз рӯи «сенария» давом мекард.

Аслан кадом мулоқот бар рӯи кадом сенария барпо карда мешавад мо коре надорем, бо андози зиёд буҷаи давлат пур намешавад?
Ва чаро худи кормандони андоз мегӯянд. ки бо 9 ва 10 навъи андоз буҷаро мешвад иҷро карду вале касе аз паи ислоҳи ин намешавад.

Пушти ин шеваи андозситониҳо кӣ истодааст ва ин бебандуборӣ ба суди кист?

Чаро ҳамсояҳои мо зуд ба фоидаи худ ин масъаларо тавонистанд, ҳал кунанд?

Дар як навиштаам таҳти унвони «Тарки фикр марги тан» ишора карда будам, ки агар мо бар рӯи амри андешаи дигарон мехоҳем зиндагӣ кунем вориди як тамаддун хоҳем шуд, ки онро тамаддуни ҷангалӣ меноманд. Вале ман иштибоҳ кардам. Мо аллакай дар тамадуни ҷангалӣ ба сар мебарем. Дар рӯзи рӯшан дар пеши чашми мардум «зӯр» «беҷон»ро мехӯрад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG