Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Ки Мун роҳи мусолиҳа дар Қибрисро меҷӯяд


Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, дар Қибрис, ба хотири такони нав ба гуфтугӯҳо оид ба ҳамоиши ин ҷазира, чанд музокирот анҷом хоҳад дод. Ӯ аллакай бо раҳбари ҷамоаи туркҳои Қибрис Меҳмет Алӣ Талъат гуфтушунид кард. Баъд аз музокироти Бан Ки Мун бо раисиҷумҳури Қибрис Деметрис Христофиас баргузории мулоқоти сеҷониба дар назар аст.
Музокирот оид ба ҳамоиши ҷазираи Қибрис, ки аз соли 1974 ба ин сӯ ба ду бахш – юнонӣ ва туркӣ тақсим шудааст, то ҳол бидуни натиҷа анҷом ёфтаанд. Ҳарду ҷониб дар мавриди моликият, таъмини амният ва тақсими қаламрави ҷазира ихтилофи назар доранд.
XS
SM
MD
LG