Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин сафари расмии Бердимуҳаммадов ба Фаронса


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, ин шом, ба хотири анҷоми сафари расмӣ, вориди Порис мешавад. Қарор аст, ки дар музокироти ӯ бо ҳамтои фаронсавияш Николя Саркозӣ дар Кохи Елисей масоили ҳамкориҳои дуҷониба, равобити Туркманистон бо Иттиҳодияи Аврупо ва авзоъ дар Афғонистон баҳсу баррасӣ шавад.Туркманистон, ки дорои захоири ғании газ аст, ваъда додааст дарро барои сармояи хориҷӣ ба кишвар боз кунад ва бо Иттиҳодияи Аврупо дар татбиқи тарҳҳои интиқоли маводи сӯхт бидуни убур аз қаламрави Русия ҳамкорӣ намояд.
Дар ҳамин ҳол, Федератсиони байнулмилалии ҳуқуқи башар, Лигаи дифоъ аз ҳуқуқи башари Фаронса, Созмони дидбони ҳуқуқи башар - Ҳуман Райтс Вотч ва созмони “Гузоришгарони бидуни марз” дар як изҳороти муштарак аз нақзи ҳуқуқи башар ва озодиҳои мазҳабӣ дар Туркманистон изҳори нигаронӣ кардаанд. Онҳо аз Николя Саркозӣ хостаанд, ки дар мулоқот бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз поймолсозии ҳуқуқи башар дар Туркманистон ёдовар шавад ва аз ҳамтои туркманаш гомҳои мушаххас дар роҳи ислоҳи вазъро талаб намояд.
XS
SM
MD
LG