Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милисаи Маскав боздоштшудаҳоро озод кард


Ҳама афроде, ки дирӯз барои ширкат дар як намоиши бидуни иҷоза дар маркази Маскав боздошт шуда буданд, раҳо карда шуданд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз раёсати умури дохилаи шаҳри Маскав хабар доданд. Кормандони милиса тақрибан сад тан аз ширкаткунандагони намоиши дифоъ аз озодии баргузории ҷамъомаду гирдиҳамоиҳоро, ки зери шиори “Русия бидуни Путин” ҷамъ омада буданд, дастгир карданд. Дар ин намоиш тақрибан 700 нафар ширкат доштанд ва он, бо вуҷуди таъқиби мақомот, яку ним соат идома кард.
Ҳамин гуна намоишҳои эътирозӣ дар шаҳрҳои Петербург, Ростови соҳили Дон, Иркутск, Астрахан, Красноярск, Омск, Мурманск ва Владивосток низ баргузор шуданд. Кормандони милиса дар бархе аз ин шаҳрҳо низ теъдоде аз фаъолони мухолифинро дастгир карданд.
XS
SM
MD
LG