Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Хуҷанд шикояти Ҳизби наҳзатро рад кард


Мирзои Ҳоҷимуҳаммад, намояндаи ҲНИТ дар Суғд, роҳ наёфтани намояндагони ин ҳизб ба комиссияҳои интихоботиро мухолифи қонун медонад

Мирзои Ҳоҷимуҳаммад, намояндаи ҲНИТ дар Суғд, роҳ наёфтани намояндагони ин ҳизб ба комиссияҳои интихоботиро мухолифи қонун медонад

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд шикояти баҳси миёни созмони минтақавии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва комиссияи интихоботии шаҳриро бар нафъи дуввумӣ ҳал кард.

Аз рӯи натиҷаи додгоҳ, баҳс миёни созмони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва комиссияи шаҳрии интихоботӣ аз дугунагии тафсири бандҳои қонунҳо дар бораи интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бархостааст.

Масъулини бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд роҳ наёфтани намояндагони ин ҳизб ба комиссияҳои интихоботии қитъавии Хуҷандро мухолиф ба қонуни аҳзоби сиёсӣ ва поймол намудани ҳаққи ҳизбии худ мехонанд.

Коршиносон баҳси додгоҳии Ҳизби наҳзати исломӣ ва комиссияи интихоботиро натиҷаи дугунагӣ ва норушании маънои баъзе аз бандҳои қонунҳои Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд ...
Вале комиссияи интихоботии шаҳрии Хуҷанд ва дар пайи он додгоҳи Хуҷанд ин амрро иҷрошуда дар чаҳорчӯби қонун ҳисобиданд.

Мирзои Ҳоҷимуҳаммад, масъули оид ба кадр ва интихобот дар бахши суғдии ҳизби мазкур дар вилояти Суғд, гуфт, ҳизбаш рӯйхати намояндагони худро саривақт ба комиссияи шаҳрии Хуҷанд пешниҳод кард, вале комиссияи мазкур онҳоро ба комиссияҳои қитъавӣ дохил накард.

Вай ин амалро ба эътибор нагирифтани ҳаққи қонунии як ҳизби сиёсӣ ва зери суол гузоштани баргузории шаффофу демократии интихобот меномад.

Мирзои Ҳоҷимуҳаммад мегӯяд, «мо дар додгоҳ аз ҳаққи қонунии худ барои ворид кардани намояндагонамон ба комиссияҳои қитъавӣ дифоъ карда истодаем. Дар боби 4–и Қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ дар банди 17–и он сароҳатан омадааст, ки ҳизбҳои сиёсӣ ҳақ доранд дар ҳар комиссияи интихоботӣ намоянда дошта бошанд. Ин банди қонун масъулини комиссияҳои ҳавзавиро муваззаф мекунад, намояндагони ҳизбҳои сиёсиро ба комиссияҳои қитъавӣ дохил кунанд. Ба додгоҳ кашидани комиссияи шаҳрии Хуҷанд аз ҷониби мо ҳам ба ҳамин маънӣ буд, ки ҳуқуқи қонунии моро риоят накард».

Ба гуфтаи вай, дар Хуҷанд 59 қитъаи интихоботӣ барои интихобот ба маҷлисҳои маҳаллӣ таъсис шуда, намояндаи ҳизби наҳзати исломӣ ба узвияти ягон комиссияи қитъавӣ пазируфта нашудаанд.

Масъулини Ҳизби наҳзати исломӣ бар онанд, ки ворид нагаштани намояндагонашон дар комиссияҳои қитъаҳои овоздиҳӣ онҳоро аз назорати баргузории шаффофи интихобот ва шумориши овозҳо маҳрум месозад.

Ҷӯрахон Фозилов, муовини раиси комиссия интихоботии шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, тасмими ин комиссия мутобиқи қонуни интихоботи кишвар сурат гирифтааст
Вале масъулини комиссияи интихоботии шаҳри Хуҷанд мегӯянд, аъзои комиссияҳои қитъавиро дар чаҳорчӯби қонуни интихоботи Тоҷикистон интихоб кардаанд. Ҷӯрахон Фозилов, муовини раиси комиссияи интихоботии шаҳрии Хуҷанд, дар тавзеҳи ин гуфт, «дар қонуни интихоботи Тоҷикистон гуфта шудааст, ки комиссияи қитъаҳоро комиссияи шаҳрии интихоботӣ на дертар аз 50 рӯзи пеш аз интихобот таъсис медиҳад. Бо дастрасӣ ба ҳамин банд дар зимни ташкили комиссияҳои қитъавӣ мо пешниҳоди ягон аҳзоби сиёсиро дар назар нагирифтем. Вале дар 40 комиссияи ҳавзавӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд ҳаст, аъзои ҳамаи ҳизбҳо, аз ҷумла намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ ворид шудаанд».

Ҷаноби Фозилов дар комиссияҳои қитъавии интихоботӣ ҷамъ омадани аксаран намояндагони ҳизби ҳукмрони халқӣ-демократиро рад намекунад ва инро ба зиёд будани аъзои ин ҳизб рабт медиҳад.

Чизе, ки масъулини бахши вилоятии Хизби наҳзати исломӣ қабул надоранд ва мегӯянд, бояд аъзои комиссияҳои қитъавӣ низ аз рӯи мансубияти ҳизбӣ сурат бигирад, на зиёдии теъдоди аъзои ҳизбҳо.

Ба гуфтаи онҳо, банди 14–и Қонуни интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ворид шудани аъзои ҳизбҳои сиёсӣ ба комиссияҳои қитъавии интихоботиро манъ накардааст, вале ин нукта аз ҷониби комиссияи шаҳрӣ ба назар гирифта нашуд.

Коршиносони маҳаллӣ баҳси додгоҳии миёни ҳизби наҳзат ва комиссияи интихоботии шаҳри Хуҷандро натиҷаи дугунагӣ ва норушании маънии баъзе аз бандҳои қонунҳои Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд.

Ин дуюмин баҳси додгоҳии Ҳизби наҳзати исломӣ бо комиссияҳои интихоботӣ дар вилояти Суғд аст. Ҳафтаи гузашта созмони суғдии ҳизби мазкур комиссияи вилоятии интихоботии Суғдро низ барои роҳ надодани 20 намояндаи ин ҳизб ба комиссияҳои вилоятӣ ба додгоҳ кашид. Вале додгоҳи Хуҷанд қарори комиссияи вилоятиро ба иллати дер муроҷиат кардани Ҳизби наҳзат собит гузошт.

Баъд аз Ҳизби ҳукмрони халқӣ-демократӣ ҲНИТ дуюмин ҳизби сиёсист, ки бо номзадҳои зиёд вориди рақобатҳо барои дарёфти курсиҳои маҷлисҳои вилоятиву маҳаллӣ шудааст. Ҳизби мазкур 13 намояндаи худро ба ҳама комиссияҳои инфиродӣ ворид карда, аз 70 комиссияи ҳавзавии вилоятӣ дар 20 ҳавза ва дар теъдоди бештари қитъаҳо намояндагони худро ворид кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG