Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати созмони RSF аз ҳукумати Тоҷикистон


Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” ("Reporters Sans Frontieres") аз мақомоти Тоҷикистон хостори қатъи таъқибу фишор болои расонаҳои мустақил аз тариқи додгоҳҳо шуд. Дар изҳороти ин ниҳоди дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон, ки имрӯз ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ расид, гуфта шудааст, “дар баробари қонуни номукаммали матбуот, силсилаи даъвоҳои додгоҳӣ алайҳи ҳафтаномаҳои мустақили Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ин амал ба як тамоюл табдил ёфтааст”. Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” дархости ниҳодҳои ҳукуматӣ барои ҷубронпулии азим аз сӯи нашрияҳои мустақилро бемаънӣ хондааст. Аз нигоҳи масъулини ин созмон, “чунин ҷаримаҳо мавҷудияти расонаҳо ва ҳамон гуногунандешии маҳдуд дар матбуоти Тоҷикистонро зери суол мебарад”.
“Гузоришгарони бидуни марз” баёнияи мазкурро дар робита ба даъвоҳои додгоҳии ахир алайҳи ҳафтаномаҳои “Пайкон”, “Миллат”, “Азия Плюс”, “Фараж” ва “Озодагон” нашр кардааст.
XS
SM
MD
LG