Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай ба Арабистони Саудӣ сафар мекунад


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, ин ҳафта ба Арабистони Саудӣ сафар хоҳад кард. Ба иттилоъи расмӣ, Карзай дар музокирот бо шоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло барои дарёфти пуштибонӣ аз пешниҳодаш оиди мусолиҳа бо аъзои аз хушунат дастбардоштаи ҷунбиши “Толибон” муваффақ шавад. Раисиҷумҳури Афғонистон чанд сол боз аз мақомоти ин кишвари арабӣ даъват мекунад, ки бо истифода аз нуфузи хеш толибонро барои силоҳ ба замин гузоштан мойил созанд. Охирҳои солҳои 90-ум Арабистони Саудӣ яке аз се кишваре буд, ки ҳукумати “Толибон”-ро дар Афғонистон расман эътироф карда буд.
XS
SM
MD
LG