Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теъдоди қурбониёни инфиҷор дар Бағдод ба 41 кас расид


Теъдоди қурбониёни инфиҷор дар як минтақаи воқеъ дар шимолу шарқи Бағдод ба 41 нафар расид. Дар ин ҳодиса ҳамчунин беш аз 100 тан зойирони шиамазҳаб маҷрӯҳ шуданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ин ҳамлаи маргталабона аз сӯи як зан сурат гирифтааст. Ба иттилои расмӣ, таркиш дар ҳоле рух дод, ки ҳазорон нафар ба хиёбонҳо рехта, барои раҳпаймоӣ сӯи шаҳри муқаддаси Карбало омодагӣ мегирифтанд.
XS
SM
MD
LG