Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон солгарди инқилоби исломиро таҷлил мекунад


Дар Эрон таҷлил аз 31-умин солгарди инқилоби исломӣ шурӯъ шуд. Ин тантанаҳо дар кишвар даҳ рӯз идома хоҳанд кард.
Маросимҳои идона рӯзи душанбе бо таҷлили солгарди бозгашти раҳбари инқилоби исломӣ Оятуллоҳ Хумайнӣ ба кишвар шурӯъ шуданд. Раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод зимни суханронӣ дар маросиме дар канори мақбараи Хумайнӣ дар Теҳрон изҳор намуд, ки "инқилоби исломии Эрон барои кишварҳои зиёде сарчашмаи илҳом гардид".
Таҷлили солгарди инқилоби исломӣ дар Эрон дар ҳоле доир мешавад, ки мухолифини ҳукумат бо натоиҷи расмии интихоботи раёсатҷумҳурии соли гузашта розӣ нестанд. Интизор меравад, ки дар ҷараёни чорабиниҳои идона намоишҳои нави эътирозӣ доир шаванд.
XS
SM
MD
LG