Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоли маҷрӯҳон ба ИМА аз сар гирифта мешавад


ИМА интиқоли афроди бар асари заминларзаи мудҳиш дар Ҳаитӣ ҷароҳатбардошта ба Амрикоро аз сар мегирад. Низомиёни амрикоӣ бар асари мушкили пайдо кардани табобатгоҳ ва пардохти маблағи муолиҷаи ин афрод интиқоли маҷрӯҳон тавассути ҳавопаймоҳоро муваққатан қатъ карда буданд. Кохи Сафед ахиран хабар дод, ки ин мушкилот бо кумаки муассисаҳои амрикоӣ ва ҳампаймонҳои хориҷӣ ҳаллу фасл шудаанд.
То ин лаҳза ба бемористонҳои ИМА аллакай 450 нафари бар асари офати табиӣ дар Ҳаитӣ осебдида интиқол ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG