Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар чаҳорчӯби тарҳи нави мусолиҳа бо Толибон аз раҳбарони ин ҳаракат даъват кардааст, ки аз идомаи хушунат даст кашанд ва ба ҳаёти осоишта баргарданд.

Ҳомид Карзай, ки дар Кобул бо хабарнигорон мулоқот анҷом медод, инчунин гуфт, ки нерӯҳои Амрико ва НАТО дар кишвараш то замони шикасти террористон ва ифротгароён боқӣ хоҳанд монд.

Аммо Толибон даъвати сулҳомези Карзайро рад намуда, эълон кардаанд, ки то замони хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз кишвар муборизаашонро идома хоҳанд дод ...
Вай афзуд, “мо толибонро даъват мекунем, ба ватанашон баргашта ба нафъи сулҳ кор кунанд. Дар ин сурат нерӯҳои Амрико ва дигар кишварҳо имкон пайдо мекунанд, ба ватанашон баргарданд. Мо, яъне мардуми Афғонистон, тамоми кӯшишамонро барои истиқрори сулҳу амният дар Афғонистон дареғ нахоҳем дошт.”

Ин суханони Карзай ҳамаги се рӯз баъд аз анҷоми конфронси байналмилалӣ дар Лондон бахшида ба масоили Афғонистон садо дод. Дар ин ҳамоиш намояндагони дастикам 70 кишвари олам дар мавриди тарҳи мусолиҳаи Афғонистон ба тавофуқ расидаанд.

Тибқи ин тарҳ ба Толибоне, ки аз хушунат даст кашида, ба ҳаёти осоишта баргарданд, ҷойҳои корӣ ва амният пешниҳод хоҳад шуд. Ваъада шуд, ки барои иҷрои ин тарҳ соли аввал ба Афғонистон 140 миллион доллар ихтисос дода мешавад.

Аммо Толибон даъвати сулҳомези Карзайро рад намуда, эълом кардаанд, ки то замони хуруҷи пурраи нерӯҳои хориҷӣ аз кишвар муборизаашонро бар зидди ҳукумати Карзай ва артиши эътилофи байналмилалӣ идома хоҳанд дод.

Дирӯз муовини раиси Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон Фарид Ҳакимӣ гуфт, ки ин кумита гуфтушунидҳои сулҳи ҳукумати кишвар ва Толибонро бо шартҳои муайян дастгирӣ хоҳад кард.

Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ Фарид Ҳакимӣ дар ин бора гуфт, “пеш аз ҳама, музокироти сулҳ набояд ба кӯшишҳои мо дар таъмини ҳуқуқҳои асосии башар, назири ҳуқуқи занҳо, озодии матбуот ва истиқрори ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъсири манфӣ расонад”.

Вай афзуд, ки агар тавофуқ миёни тарафҳо ҳосил шавад, он бояд бо дарназардошт ва эҳтиром ба меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар таҳия шавад.

Карзай гуфт, ки фаъолони Ал-Қоида ба ин тарҳ шомил намешаванд. Вай иттилоъ дод, ки барои амалӣ гардондани тарҳи нав Шӯрои Олии Сулҳ ва Оштии миллӣ ташкил хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG