Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиносномҳои биометрии Тоҷикистон эътибор пайдо кард


Аз имрӯз дар Тоҷикистон паспортҳо ё шиносномаҳои нави биометрӣ эътибор пайдо мекунад. Ин шиносномаҳо ба шаҳрвандоне дода мешавад, ки ба хориҷа сафар мекунанд. Шиносномаҳои биометрӣ тибқи тақозои маҳофили байналмиллалӣ ҷорӣ ва ҳангоми парвоз бо ҳавопаймоҳо аз муқаррароти муҳими амниятӣ дониста мешавад. Бар иловаи маълумоти маъмулӣ, ки дар шиносномаҳои қаблии шаҳрвандон буд, дар ин шиноснома нақш ё изи ангуштон низ ба таври электронӣ сабт мешавад. Созмони байналмиллалии ҳавонавардӣ бо назардошти ҳамлаҳои маргталабона соли 2002 тақозо кард, ки барои ташхиси дақиқи мусофирони ҳавопаймо бояд шиносномҳои биометрӣ ҷорӣ шавад. Ҳоло дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ чунин шиносномаҳо дар Туркманистону Қазоқистон ҷорӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG