Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаластиниҳо роҳи оштиро меҷӯянд


Холид Машъал-раҳбари Ҳамос дар ғурбат гуфтааст, Ҳамос ва гурӯҳи фаластинии Фатаҳ дар ҳоли расидан ба тавофуқ мебошанд. Вай аз Миср хостааст, ки мизбонии мулоқоти ин ду гурӯҳро бар ӯҳда бигирад ва матни созишномаро таҳия кунад. Вай аз Миср хостааст, ки онҳоро дар Қоҳира гирдиҳам орад, он вақт хоҳад дид, ки фаластиниҳо чӣ қадр зуд оштӣ мешаванд. Миср ду дафъа имзои созишномаи оштиро ба таъвиқ андохт ва сабаб ин буд, ки миёни гурӯҳи дунявии Фатаҳ ва Ҳамоси исломгаро тафриқаҳои ҷиддӣ мавҷуд буд.
XS
SM
MD
LG