Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама будҷаи кишварашро муаррефӣ мекунад


Шоми имрӯз Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико будҷаи ҳукуматашро барои соли молии 2011 муаррефӣ хоҳад кард. Манобеи хабарӣ дар Конгрес ба хабаргузории Ройтерз гуфтаанд, дар будҷае, ки қарор аст муаррефӣ шавад, Кохи Сафед 1,6 триллион доллар касри будҷа пешбинӣ кардааст. Обама, ки ба вижа аз тарафи ҷумҳурихоҳон мавриди интиқод қарор гирифтааст, ҳафтаи гузашта аз паёми худ ба мардуми кишвараш истифода кард ва гуфт, ки кишварашро аз "чоҳи бузурги молӣ" берун хоҳад кашид.
XS
SM
MD
LG