Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Маскав беш аз 100 нафарро боздошт кард


Дирӯз пулиси Маскав дар ҷараёни тазоҳуроте дар Маскав беш аз 100 нафарро боздошт кард. Дар миёни онҳо баъзе аз мунаққидони номдори ҳукумати Русия низ ҳастанд. Людмила Алексеева-хонуми 82-сола ва раҳбари гурӯҳи ҳуқуқи башари Ҳелсинкӣ , Борис Немтсов-собиқ муовини нахуствазири Русия ва мунаққиди Кохи Кремл аз ҷумлаи онҳое мебошанд, ки ба зиндон интиқол дода шудаанд. Дар ин бора сомонаи интернетии мухолифон бо номи kasparov.ru хабаре чоп кардааст. Виктор Бирюков-сухангӯи пулиси Маскав гуфтааст, дар хиёбонҳои шаҳр ҳудудан 300 нафар раҳпаймоӣ кардаанд ва дар даст шиорҳое дар бораи озодии ҳамоиш ё ташкили созмонҳо ва шиорҳои зидди Кремл доштаанд.
XS
SM
MD
LG