Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибони Покистон куштори раҳбарашонро рад карданд


Толибони Покистон хабари куштори Ҳакимуллоҳ Меҳсуд-раҳбари Толибони Покистонро инкор кардаанд. Сухангӯи Толибон дар мусоҳибае бо хабаргузории Ройтерз хабари куштори Меҳсудро "дурӯғи маҳз" хондааст. Қаблан телевизиони Покистон хабар дода буд, ки Ҳакимуллоҳ Меҳсуд баъд аз як ҳамлаи ҳавоии ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ ҷароҳат бардоштааст ва аз ин ҷароҳат даргузаштааст ва дар маҳале бо номи Оракзай ба хок супурда шудааст. Ҳоло низомиёни Покистон ба ин хабари телевизион расидагӣ мекунанд. Мақомоти кашфи Покистон мегӯянд, ки мумкин аст Ҳакимуллоҳ дар амлиёти 17-ӯми январ дар Вазиристони Шимолӣ ҷароҳат бардошта бошад.
XS
SM
MD
LG