Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии футболи Тоҷикистон дар Қатар оғоз мешавад


Интизор меравад, ки 2-юми феврал дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои машқҳои дурӯза ба Қатар равад. Дар шаҳри Доҳа 21 нафар бозигарони тоҷик се давраи омӯзиширо пасти сар мекунанд. Баъд аз он даста барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии Ҷоми Конфедератсиони футболи Осиё ё АФК ба Шри-Ланка меравад ва дар он ҷо дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Хуршед Маҳмудов, Ибрагим Рабимов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев ва Нӯъмон Ҳакимов ва дигарон муаррифӣ мекунанд. Дар ин сабқат дастаи Тоҷикистон якҷоя бо дастаҳои Мянмар, Шри-Ланка ва Бангладеш бозӣ хоҳад кард. Пӯлод Қодиров, мураббии тими мунтахаби Тоҷикистон ба хабаргузориҳо гуфааст, ҳадафи аслии онҳо роҳхат гирифтан ба мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё- 2011 аст, ки моҳи январи соли 2011 дар Қатар баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG