Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Карзай аз Толибон роҷеъ ба эътирофи қонун


Дирӯз Ҳомид Карай-раиси ҷумҳури Афғонистон аз шӯришиёни Толибон дархост кард, ки аслиҳаро ба замин гузоранд ва қонунҳои Афғонистонро эътироф кунанд. Ин дар ҳолест, ки чанд рӯзи пеш вай ва муттаҳидони ғарбиаш ба тавофуқ расиданд, ки барномае таҳия ва Толибонро ташвиқ кунанд, ки аз задухурд бо нируҳои ҳукуматӣ дар манотиқи мухталифи Афғонистон даст кашанд ва ба ҷомеаи Афғонистон бипайванданд. Кумиссиюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон гуфтааст, аз музокироти сулҳи миёни ҳукумат ва Толибон ҷонибдорӣ мекунад, аммо бояд баъзе шарту шароит риоят шавад.
XS
SM
MD
LG