Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Холматов аз бозӣ дар дастаи мунтахиб даст кашид


Акмал Холматов-шаҳрванди Тоҷикистон ва бозигари дастаи футболи "Пахтакор"-и Тошканд дар марҳалаи ниҳоии бозиҳои ҷоми АФК дар таркиби дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ нахоҳад кард. Дар ин бора Пӯлод Қодиров-мураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба матбуот иттилоъ додааст. Ба гуфтаи вай, Акмал Холматов дар гузашта низ аз бозӣ дар дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон саркашӣ карда будааст. Бозиҳои марҳалаи ниҳоии АФК аз 16-ӯм то 27-ӯми феврал давом мекунад. Ба гуфтаи Пӯлодов, Акал Холматов ҳар дафъа барои ширкат накардан дар бозиҳо баҳонаҳои мухталиф пеш меовардааст.
XS
SM
MD
LG