Пайвандҳои дастрасӣ

Лукашенко Тоҷикистонро ҳамкори стротегӣ номид


Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Белорус ҳангоми қабули устуворномаи Қозидавлат Қоимдодов-сафири Тоҷикистон дар Белорус Тоҷикистонро тарафи муътамади ҳамкор дар чаҳорчӯбаи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории иқтисодии Авруосиё арзёбӣ кард. Дар ин бора хабаргузории "Авесто" иттилоъ додааст. Лукашенко ҳамкориҳои миёни Белорус ва Тоҷикистонро дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷрои тарҳҳои бузурги муштарак ва дар бахшҳои кишоварзӣ муҳим хондааст. Қоимдодов дар посух ба рӯзноманигорон гуфтааст, Тоҷикистон омода аст аз Белорус техникаи кишоварзӣ ва мошинҳои БелАЗ харидорӣ кунад. Интизор меравад, ки дар моҳи феврал як ҳайати бузурги Белорус аз Тоҷикистон боздид ва ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG